Jump to content

Қобуснома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қобуснома - Пандномаи Унсурмаолии Кайковус асари ахлоқиву тарбиявӣ буда, дар таърихи адабиёти халқҳои тоҷику форс ҷовидонӣ сабт шудааст.

Таърих

Кайковус Гелоншоҳ ном писаре доштааст. Ӯ бо мақсади тарбияи фарзанди гиромии худ ва ба роҳи неки зиндагӣ ҳидоят намудани вай дар сини 63-солагӣ ба навиштани насиҳатномае шурӯъ мекунад, ки бо номи "Қобуснома" машҳур аст. Кайковус насиҳатномаи худро барои адои «шарти падарӣ» бо мақсади тарбияи фарзандонаш таълиф кардааст, вале он ба дастури ахлоқиву тарбиявӣ ва китоби бадеиву хондании ҳазорҳо одамон табдил ёфт ва номи муаллифашро дар таърихи адабиёту афкори педагогии халқҳои тоҷику форс ҷовидони сабт намуд. Инчунин Кайковус ба моҳияти ақл дар ҳастии инсон диққати ҷиддӣ дода, онро сарчашмаи ҳамаи хислатҳои ҳамида медонад ва роли бузурги тарбияву меҳнатро дар такомули ақли инсонӣ таъкид месозад. Чунон, ки шарқшиноси маъруфи шуравӣ Е.Э. Бертелс қайд карда буд, “Қобуснома” на ба забони адабии эронӣ, балки бо забони адабии сокинони каламрави Сомониён, яъне тоҷикон навишта шудааст.

Бо ҳуруфи имрӯзаи тоҷики мунтахаби "Қобуснома" бори аввал соли 1968 аз тарафи адабиётшинос Девонақулов дар шакли китобчаи алоҳида тахти унвони “Насиҳатнома” нашр гардид. Ниҳоят бояд гуфт, ки ин асар бо номҳои гуногун аз қабили "Насиҳатнома", "Панднома", "Андарзнома" ёд мешавад.

Насри гузаштаи тоҷику форс ҳам ба мисли назми оламшумули он таърихи анъанаҳои шоистаеро дорост. Қобусномаи Унсурмаолии Кайковус дар силки он дурдонаҳоест, ки зиеда аз 900 сол пеш аз ин эҷод шуда, то имрӯз арзиши худро аз даст надодааст ва ҷилову дурахши пешинаашро гум накардааст. Аз ин китоб, ки пур аз панду андарзҳои ҳакимонаву ҳикояту саргузаштҳои ибратбахш иборат аст, чандин насл сабақи зиндагӣ омухта, дарси ахлоқу одоби ҳамида гирифтаанд ва ба тарзи рӯзгордории гузаштагон шиносои пайдо карда, анъанаҳои неки онро давом додаанд.

Кобуснома аз 44 боб иборат буда, ҳар боби он ба яке аз масъалаҳои гуногуни ахлоқу одоб, расму оин, маишату рӯзгордорӣ, оилаву хонадори таҳсилу таълим, омӯзиши касбу ҳунар, санъату варзиш, сиёсату идораи мамлакат ва дигар паҳлуҳои зиндагии инсон бахшида шудааст. Унсурмаолии Кайковус пас аз бобҳои анъанавӣ, ки бо тақозои мафкураи ҳукмрони замони ӯ ҷанбаи динӣ доранд, аз боби панҷум сар карда, таваҷҷуҳи хонандаро ба шинохтани ҳаққи падару модар ҷалб менамояд, аз фазилатҳои асосии инсон – нутқи саханварӣ ва некиву накукорӣ мулоҳизаҳо баён мекунад. Кайковус баёнро аз моҳияти инсон шурӯъ намуда, дар бобҳои гуногун дар бораи ташаккули фарзанд аз кудакиву ҷавони то пири ва аз омузиши илму пешаҳои гуногун, тадричан то ба дарачаи хукмрони мамлакат расидани ӯ сухан меронад.

Дар Қобуснома Кайковус пеш аз ҳама ба некиву накукорӣ диққат медиҳад ва инро аз фазилатҳои асосии инсон дониста, дар ҳар маврид талқин мекунад:

«Аммо некӣ аз сазовори некӣ дареғ мадор ва некиомӯз бош… Ва бар некӣ кардан пушаймон мабош…»

Дар бобҳои гуногуни "Қобуснома" муаллиф ҷоҳилӣ, фиреб, худписандӣ, бадгӯи, кинаву бахилӣ, риёю ситам барин хислатҳои зиштро маҳкам намуда, дустию некукорӣ, ростиву ҷавонмардӣ, саховатмандӣ, фурутанӣ, беозорӣ ва дигар фазилатҳои ҳамидаи инсониро ситоиш ва талқин мекунад.

Гар бар сари моҳ барниҳи пояи тахт,
В-ар ҳамчу Сулаймон шавӣ аз давлату бахт.
Чун умри ту пухта гашт, барбанди рахт,
К-он мева, ки пухта шуд биафтад зи дарахт.

Бобҳои КОБУСНОМА

Дар манфиати сафар
Андар шинохтани хакки падару модар
Андар фурухтани ва афзунии ҳунар
Андар пеши чустан дар сухандони
Андар ёд кардани пандҳои Нушервони одил
Андар тартиби пириву ҷавони
Андар хештандори ва тартиби хурдан ва оини он
Андар тартиби шароб хурдан ва шароити он
Андар меҳмони кардан ва меҳмон шудан ва шароити он
Андар махоз ва нарду шатранч ва шароити он
Андар ишқ варзидан ва шароити он
Андар оини гармоба рафтан
Андар хуфтану осудан
Андар шикор кардан
Андар чавгон задан
Андар корзор кардан
Андар оини ҷамъ кардани мол
Андар амонат нигоҳ доштан
Андар харидан ва шароити он
Андар оини укубат кардан ва авф кардан
Андар харидани асп
Андар зан хостан
Андар фарзанд парвардан ва оини он
Андар оини дӯст гирифтан
Андар андеша кардан аз душман
Андар оини укубат кардан ва авф кардан
Андар толибилми ва факехи
Андар тичорат кардан
Андар тартиби илми тиб
Андар илми нучум ва хандаса
Дар оину расми шоири
Андар одоби хунёгари
Андар хидмат кардани подшоҳ
Андар одоби надими кардан
Андар оини котиб ва шароити котиби
Андар шароити варзиши подшоҳ
Андар расми сипахсолори
Андар оин ва шарти подшоҳи
Андар оину расми дехкони ва хар пеша ки дони
Дар оини ҷавонмарди

Дар манфиати сафар

Ҳикоят

Вакте раиси Бухоро касди хач кард. Ва ӯ марде сахт мунъим буд ва дар он кофила касе аз ӯ мунъимтар набуд ва афзун аз сад шутур бори ӯ мекашиданд. Ва ӯ дар амори нишаста буд ва хиромону нозон хамешуд дар бодия бо созу олати тамом. Ва қавме аз дарвешу тавонгар бо вай ҳамроҳ буданд. Чун наздикии Арафот бирасиданд, дарвеше ҳамеомад побараҳна ва ташнаву гурусна ва пойҳо обила карда. Раиси Бухороро дид бад- он сон созу таносои. Руй ба вай карду гуфт: -Вакти мукофот чазои ману ту-ҳарду яке хоҳад буд. Ту дар он нозу неъмат ҳамеравиву ман дар ин шиддат. Раиси Бухоро гуфт: -Хошо, ки ҷазои ману ту харду яке бошад ва агар ман бидонистаме, ки турову маро як пойгаҳ хоҳад будан, ҳаргиз дар бодия наёмадаме. Дарвеш гуфт: -Чаро?

Гуфт:

-Ман ба фармони Худо омадам ва ту ба хилофи фармон омади. Маро хондаанд, ман меҳмонам ва ту туфайлии. Хашмати туфайли чун хашмати меҳмон кай бошад. Худои таъоло ҳаҷ тавонгаронро фармуд… ва ту бефармон… ба бечорагиву гуруснаги дар бодия омадаи ва Худоро дар таҳлука андохти, бо фармонбардорон чун баробари куни?...

Андар шинохтани ҳаққи падару модар

Бидон эй писар, ки … аз мучиби хирад бар фарзанд вочиб аст худро хурмат доштан ва тааххуд кардан. Гуфт: -Панч ҳазор динори накд бидихам. Махол гуфт:-Ёфтам Фатхро зинда. Завраке биёваранд ва Фатхро бибуранд. Мутаваккил он чи малохро гуфта буд, бифармуд то дар вакт бидонанд. Вазирро бифармуд ва гуфт, ки дар хазинаи ман рав, харчи хаст, як нима ба дарвешон дех.

Он гоҳ гуфт:-Таом оред, ки вай гуруснаи хафтрӯза аст.
Фатх гуфт:-Ё амирулмуъминин, ман серам.
Мутаваккил гуфт:-Магар аз оби Дачла сер шуди?

Фатх гуфт:-На, ки ман ин хафт рӯз гурусна набудам, ки хар рӯз бисто нон бар табаке нихода ба руи об фуру омади ва ман чахд кардаме то ду-сето аз он нон бигрифтаме ва зиндагонии ман аз он нон буди ва ба хар нон навишта буд: «Мухаммад ибни Ал-Хусайн Ал-Аксоф». Мутаваккил фармуд, ки дар шаҳр муноди кунед, ки он мард, ки нон дар Дачла афканд кист ва бигуед, то биёяд, ки амирулмуъминин ба ӯ некуи хоҳад кард, то натарсад. Чунин муноди карданд. Рӯзи дигар марде биёмад ва гуфт:-Ман он кас. Мутаваккил гуфт:-Ба чӣ нишон? Мард гуфт:-Ба он нишон ки номи ман бар руи хар ноне навишта буд, ки Мухаммад ибни Ал-Хусайн Ал-Аксоф. Мутаваккил гуфт:-Нишон дуруст аст. Аммо чанд гоҳ аст, ки ту дар ин Дачла нон меандози? Мард гуфт:-Як сол аст. Мутаваккил гуфт:-Гарази ту аз ин чӣ буд? Мард гуфт:-Шунида Будам, ки неки куну ба об парто, ки рӯзе бар дихад. Ва ба дасти ман некии дигар набуд. Он чи тавонистам кардам, хаме кардам, то худ чи бар дихад. Мутаваккил гуфт:-Он чи шуниди, карди, бад-он чи карди, самара ёфти. Мутаваккил вайро дар Багдод панч дех мулк дод. Мард ба сари мулк рафт ва мухташам гашт ва ҳанӯз фарзандони ӯ дар Багдод мондаанд. Ва ба рӯзгори Ал-Коим биамрилох ман ба хач рафтам. Эзиди таоло маро тавфик дод, то зиёрати худой бикардам ва фарзандони вайро бидидам ва ин хикоят аз пирои Багдод шунидам. Пас то битавони аз некуи кардан маёсой ва худро ба некиву накукори ба мардумон намой ва чун намуди ба хилофи намуда мабош. Ва ба зуфон дигар магуй ва ба дил дигар мадор то гандумнамои чавфуруш набоши. умедчон хамдамов.

Андар пеши ҷустан дар сухандони

Бидон эй Писар, ки ман ба рӯзгори Амир Буссавор он сол, ки аз хач бозомадам, ба газо рафтам ба Ганч,а ки газои Ҳиндустон бисёр карда Будам, хостам, ки газои Рум низ карда шавад. Ва Амир Буссавор подшоҳе бузург буд ва марде пойбарчой ва хирадманд ва одилу шучоъ ва фасеху мутакаллим ва покдину пешбин, чунон ки маликон сутуда бошанд. Ва ҳама чидд буди бе хазл. Чун маро бидид бисёр хашмат кард ва бо ман дар сухан омад ва аз хар навъе хамегуфт. Ва ман мешунидам ва чавоб хамедодам. Суханҳои ман уро писандида омад. Бо ман бисёр кароматхо кард ва нагузошт ки бозгардам. Азбас эхсонҳо, ки мекард бо ман, ман низ дил биниходам ва чанд сол ба Ганча муким шудам. Ва пайваста ба таому шароб дар мачлиси ӯ ҳозир шудаме ва аз хар гуна суханхо аз ман хамепурсиди аз холи оламу мулуки гузашта. То рӯзе аз вилояти мо сухан хамерафт, аз холи ноҳияи Гургон аз ман хамепурсид. Ман гуфтам: -Ба рустои Гургон дехест дур кӯҳи боя ва чашмаест аз дех дур. Ва занон, ки об оранд, ҷамъ шаванд, хар ка бо сабуй. Ва аз он чашма об баргиранд ва сабуй бар сар ниханд ва бозгарданд. Яке аз эшон бе сабуй хамеояд ва ба рох андар хаменигарад. Ва кирмест сабза дар заминҳои он дех. Хар кучо аз он кирм хамеёбад аз рох ба як су хамеафканад то он занон ба он кирм наниханд, ки агар яке аз эшон пой бар он кирм нихад ва кирм бимирад, он об, ки дар сабуй бар сар доранд, дархол ганда шавад, чунон ки бибояд рехтан ва бозгаштан ва сабуй шустан ва дигарбора об бардоштан. Чун ман ин сухан бигуфтам, Амир Абуссавор руй турш кард ва сар бичунбонид ва чанд рӯз бо ман на бад-он хол буд, ки пеш аз он мебуд. То Пирӯзони Дайлам гуфт: Амир гилаи ту кард ва гуфт: «Фалон марде пойбарчоест. Чаро бояд ки бо ман сухан чунон гуяд, ки бо кудакон гуянд. Чунон мардеро пеши чу мане чаро дуруг бояд гуфт?» Ман дархол аз Ганча косиде фиристодам ба Гургон ва махзаре фармудам кардам ба шаходати кози ва Раису хатиб ва ҷумлаи удулу уламо ва ашрофи Гургон, ки ин дех бар чост ва холи ин кирм бар ин ҷумла аст. Ва ба чахор моҳ ба ин маъни дуруст кардам ва махзар пеши Амир Буссавор ниходам. Бидиду бихонд ва табассум карду гуфт:-Ман худ донам, ки аз чун туе дуруге гуфтан наояд, хосса пеши ман. Аммо чаро росте бояд гуфт, ки чахор моҳ рӯзгор бояд кард ва махзареву гувохии дувист удуд, то аз ту он рост кабул кунад. Аммо бидон ки сухан аз чахор навъ аст: Яке надониставу нагуфта ва яке хам донистаниву хам гуфтани. Ва яке гуфтанисту надонистани ва яке донистанисту ногуфтани.

Кайковус. Қобуснома. – Душанбе: Адиб, 1990 бо чунин ном, бори нахуст ба забони тоҷикӣ (кирилӣ) нашр шудааст. “Қобуснома” ба якчанд забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла туркӣ, олмонӣ, англисӣ, русӣ ва арабӣ тарҷума шудааст. “Қобуснома” бо забони русӣ низ қобили дастрасӣ аст.[1]

Ба инҷо ҳам нигаред

Пайнавиштҳо

  1. http://kmt.tj/index.php?book_id=55

Пайвандҳо